Бар асари заминларзаи шоми рӯзи 1 июл дар деҳаҳои ҷамоати деҳоти Иҷборак ва Аскалони ноҳияи Рашт 15 манзили зист пурра ва боз 30 хонаи истиқоматӣ қисман хароб гардиданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабр дод, айни ҳол аҳолии аз офати табиӣ осебдидаи ноҳия бо манзили зисти муваққатӣ, хизматрасонии тиббӣ ва маҳсулоти ғизойӣ таъмин карда шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 1 июл дар қаламрави Тоҷикистон заминҷунбӣ ба амал омада , маркази зилзила дар 27-километрии шимолу шарқи маркази ноҳияи Рашт ва 165-километрии шарқи Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Чилдараи ноҳияи Сангвор ба қайд гирифта шуд. Қувваи зилзила дар маркази он 5 балро ташкил дода, дар шаҳри Душанбе қувваи он ба 2 бал баробар буд.
Комиссияи махсуси аз ҷониби ҳукумат таъсисёфта таҳти роҳбарии муовини нахуствазир Маҳмадтоир Зокирзода оқибатҳои заминларзаро таҳқиқ мекунад.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста