Дар ҷаласаи нахусти Платформаи минтақавии Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Қафқози Ҷанубӣ (ҚҶ) оид ба коҳиши хавфу хатарҳои офатҳои табиӣ дар Душанбе Эъломияи муштарак дар бораи таҳкими ҳамкорӣ дар мавриди пешгирии офатҳои табиӣ қабул шуд.

Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Муҳаммадҷон Салимзода бо натиҷагирӣ аз ҷаласа ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар санади қабулшуда аз ҷумла зикр мегардад, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ нисбат ба хатарҳои офатҳои табиӣ хеле осебпазиранд.

«Дар қаламрави ҳарду минтақа, ки дорои кӯҳсорони зиёданд, чунин ҳодисаҳо нисбатан зиёдтар рух медиҳанд ва дар ин робита, ин ҷо ҳама гуна навъҳои офатҳои табиӣ дучор мешаванд, ки ба иқтисоди кишварҳо зиён оварда, имконоти рушди онҳоро коҳиш медиҳанд, - иброз дошт Салимзода. - Аз ин рӯ, роҳандозии ҳамкории глобалӣ ва минтақавӣ дар ин самт хеле муҳим аст».

Ба қавли Салимзода, иштирокдорони ҷаласа қайд кардаанд, ки ҷиҳати минбаъд таҳким бахшидан ба ҳамкориҳо дар бахши пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ дода мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласа ба масъалаҳои вокуниш (аксуламал) ва пешгирии фалокатҳои табиӣ ва техногенӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ дар доираи Барномаи Сендай таваҷчуҳи хосса зоҳир шуд.

Барномаи қолабии Сендай 18 марти соли 2015 дар Ҷопон қабул шуда, як таркиб ва  ҷойгири Барномаи қолабии амали Хиог барои солҳои 2005-2015 - бунёди имконоти муқовимат ба офатҳо дар сатҳи давлат ва ҷамоатҳо мебошад.

Дар кори ҷаласаи Душанбе роҳбарони вазорату идораҳои ваколатдор ба соҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиии Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, ҳамчунин вазоратҳои маориф, меҳнат ва рушди иҷтимоӣ, кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои сарпараст ва агентиҳои СММ ва мушвири Дабири кулли СММ оид ба масоили ҳолатҳои фавқулода ширкат варзиданд.