Аз оғози соли равон зимни анҷоми корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун 2 нафар ҳалок ва боз 9 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Аз Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳамаи ҳалокшудагону осебдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Дар ин давра зимни иҷрои корҳо дар кони металлҳои қиматбаҳои «Зарнисор» низ боз 6 нафар ҳалок ва 3 нафари дигар осеб дидаанд, ки коргарони корхонаи муштараки «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» мебошанд.
Ғайр аз ин, дар корхонаи муштараки «Анзоб»-и Тоҷикистону ИМА - 3 ҳодиса ва дар корхонаи истеҳсоли ангишти «Фон-Яғноб» - 2 ҳодисаи нохуш рух дода, ҳангоми истихроҷи ангишт дар кони «Шӯроб»-и минтақаи шимоли Тоҷикистон 2 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти Хадамоти дар боло зикршуда, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ҳангоми иҷрои корҳо дар иншооти саноатии ҷумҳурӣ 14 нафар ҳалок ва 14 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
«Аз рӯи ҳамаи ҳодисаҳои нохуши дар истеҳсолоти саноатӣ рухдода тафтишҳои махсуси техникӣ гузаронида шуда, натиҷаҳои он ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристода шуданд», - гуфтанд дар хадамот.
Ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои нохушро дар саноат мутахассисони Хадамот ба риоя нашудани қоидаҳои техникии бехатарӣ дар саноат ва масоили тадорукотӣ нисбат медиҳанд.
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста