Дар вилояти Суғд бар асари беэҳтиётии ронанда духтарчаи ноболиғ зери чархи автомашина монда, ба ҳалокат расид.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, субҳи рӯзи 22 июл ронандаи 25-солаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Панҷакент - Саразм аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, сокини маҳаллӣ духтарчаи 4-соларо бо автомашинааш пахш мекунад, ки дар натиҷа духтарча аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тибқи маълумоти Шуъбаи БДА дар вилояти Суғд, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар роҳҳои автомобилгарди минтақаи шимоли кишвар 139 ҳодисаи (ҳамин давраи соли гузашта – 157 ҳодиса) садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, бар асари он 53 нафар ҳалок (соли 2015 – 63 нафар) ва 141 нафар (соли 2015 – 165 нафар) ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.
Дар ин давра бо иштироки кӯдакон 42 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2015 – 35 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, 9 нафар ноболиғон (соли 2015 – 11 нафар) ҳалок ва 36 нафар кӯдакон (соли 2015 - 31 нафар) ҷароҳат бардоштанд.
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Тоҷикистону Қирғизистон амният дар марзро баррасӣ карданд
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон муайян шуд
Русия дар Тоҷикистон истеҳсоли дорувориро ба роҳ монданист
Арзиши эстакада дар Душанбе қариб ба 28,5 млн евро баробар аст
Рустами Эмомалӣ дар робита ба ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ ба ҳамтои эронии худ барқияи таслият ирсол кард
Абдунабӣ Сатторзода: Лоиқро ба ҳарду майдон даъват мекарданд, аммо ӯ ёри на “Шаҳидон” ва на “Озодӣ” буд
Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш изҳори ҳамдардӣ кард
Тайи 10 сол Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 3,8 млрд доллар сармоягузорӣ кард
Хисороти боришоти шадиди рӯзҳои ахир дар кишвар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста