Зимни як задухӯрд дар марзи Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 20 октябр афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Умедҷон Ҳасанови 27-сола кушта шуд. Ҳамсару се нафар фарзандони ӯ бесаробону ятим монданд.

Аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар доданд, ки У.Ҳасанов ахири соли гузашта ба хизмат дар сафи Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ шурӯъ карда, зимни задухӯрди мусаллаҳона дар яке аз қитъаҳои дидбонгоҳи сарҳадии Ҳамадонӣ, наздики манзили волидонаш ба ҳалокат расидааст.

Дар Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки давоми солҳои 2015-2016 марги Умедҷон Ҳасанов аввалин талафоти марзбонони тоҷик дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аст. «Муддати ду сол дар ин марз ҳатто ягон нафар марзбони тоҷик ҷароҳат набардоштааст», - гуфтанд дар Қушӯнҳои сарҳадӣ.

Ба иттилои манбаъ, тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 22 задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, бар асари он 12 марзшикан кушта, 6 нафар захмӣ ва 15 тан аз онҳо боздошт шудаанд.

Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улугхоҷаев чунин мешуморад, ки бо мурури замон сатҳи касбии марзбонони тоҷик сайқал ёфта, ҳолатҳои ҳалок шудан ва ё ҷароҳат бардоштани онҳо аҳёнан ба назар мерасад.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти қудратии Тоҷикистон барои муайян кардани шахсони гунаҳкор дар марги Умедҷон Ҳасанов ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, хешовандони Умедҷон Ҳасанов гуфтаанд, дар бадани афсари кушташуда осори 11 тир дида мешуд. Падараш Ҳаким Ҳасанов, сокини ҷамоати Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ изҳор доштааст, ки шаби кушта шудан Умедҷон дар марз навбатдор будааст.

Умедҷон Ҳасанов дар зодгоҳи худ ноҳияи Ҳамадонӣ ба хок супурда шуд.
Аз сомонаи Радиои Озодӣ

​«Хонаи мо аз ҷои кори писарам он қадар дур нест. Он шаб, ки писарам навбатдор буд, садои тирпарронӣ баланд шуд. Дилам таҳ кашид ва сияҳ шуд. Эҳсос кардам, чӣ ҳодисае шудааст. Дертар ба ман хабар доданд, ки писарам аз тири кочоқбарон кушта шудааст», - ҳикоят кардааст Ҳаким Ҳасанов.

Мақомот ба Ҳаким Ҳасанов ваъда кардаанд, ки то охир ҳодисаро таҳқиқ мекунанд ва бо ҳамкорӣ бо мақомоти Афғонистон саъй мекунанд, ҳуввияти қочоқбаронро мушаххас кунанду онҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд.