Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон, капитани милитсия, муовини сардори ШВКД-2-и Исфара оид ба кор бо ноболиғону ҷавонон Исмоил Аламов бар асари бемории дил рӯзи 13-уми ноябр дар манзилаш фавтидааст.
Дар суҳбат бо “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ овозаҳо дар бораи куштори капитани милитсия ва маъшуқаи эҳтимолии ӯро рад кард.
Куштор аллакай фарзияи дуюми ҳодиса аст, ки онро сомонаи “Ахбор” нашр кард. Хабаргузорӣ бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ дод, ки ҷасадҳои корманди милитсия ва як ҷавонзани маҳаллиро бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз партовгоҳи деҳаи Чоркӯҳи Исфара дарёфт кардаанд.
Фарзияи сеюмро ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Исфара хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҷасади корманди милитсия ва маъшуқаи эҳтимолии ӯ бо аломатҳои заҳролудшавӣ аз газ дар яке аз ҳуҷраҳои меҳмонхонаи маҳаллии “Ватан” пайдо шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, тафтишот бар ин назар аст, ки Аламов бо ҷавонзан аз меҳмонхона ҳуҷра гирифтаанд ва он бо баллони газ гарм мешудааст. “Вақте ки хобашон мебаррад, оташ хомӯш шуда, аз газ заҳролуд мешаванд”, - хабар дод манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Исфара.
Дар ШВКД-и Исфара иттилоъ доданд, ки аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ҳамаи фарзияҳои марги каритан ва ҷавонзан мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Нақшаи даъвати баҳорӣ 90% иҷро шуд. Кадом вилоятҳо нақшаро комил карданд?
Кристалина Георгиева: “Таассуротамон аз Тоҷикистон хеле мусбат аст”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста