Дар Конибодом марди 32-сола падари 76-солаашро дар ҳавлии истиқоматӣ латукӯб кардааст, ки дар натиҷа пирамард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Ҳамзамон ВКД хабар медиҳад, ки марди 19-солаи сокини маҳаллаи Фирдавсии шаҳри Кӯлоб дастгир шудааст. Гуфта мешавад, ки ӯ бо марди 22-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷанҷол карда, бо корди хонагӣ ду маротиба ба рони пойи чапаш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 30-солаи сокини кӯчаи Айнии пойтахт муроҷиат кардааст, ки 17-уми ноябр, тахминан соати 22:00 дар назди бозорча марди 35-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳолати мастӣ бо ӯ муноқиша намуда, бо корд 1 маротиба ба дасти чапаш задааст. Ҷабрдида захми сабук бардоштааст.
Аз рӯйи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста