Дар пайи садамаҳои рӯзи гузашта дар кишвар 2 нафар, аз ҷумла, писари 6-сола ҷон бохтанд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, рӯзи 18-уми ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-53“ Довут Давлатмамадови 42-сола, корманди идораи корхонаи манзилию коммуналии ноҳияи Рушон ҳангоми тоза кардани ҳавлии мактаб-интернат Далер Миравазбекови 6-соларо, ки машғули бозӣ будааст, пахш кардааст. Кӯдаки хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавтидааст.
Дар ин рӯз ҳамчунин дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-311” Дороб Пиримов ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе-Шаҳринав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Баҳодур Пирови 63-соларо пахш кардааст. Дар натиҷа пиёдагард дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯйи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста