Сокини 25-солаи шаҳри Ҳисор ба чароғаки роҳнамо итоат накарда, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2109» бархӯрд, ки дар натиҷа ҷавони 22-сола ба ҳалокат расид.
Шоми 20-уми ноябри соли равон тахминан соати 22:30 дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи Хова (Дулан), рақами қайди давлатиаш 6133 ЕС 01, таҳти идораи Аюб Сафарови 25-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Н.Қаробоев ба самти кӯчаи Фирдавсӣ, дар чорроҳа ба талаботи чароғаки роҳнамо итоат накарда, дар ранги сурх ба ҳаракати воситаи нақлиёти худ идома додааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷа номбурда ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2109» рақамҳои қайди давлатиаш 5664 DО 01 бархӯрдааст, ки ронанда Авзалшоҳ Маҳмудови 22-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон мусофири автомашинаи мазкур шаҳрванд Ниёзов Сиддиқ Ҷумабоевич, соли таваллудаш 1983, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, бистарии беморхона шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Нақшаи даъвати баҳорӣ 90% иҷро шуд. Кадом вилоятҳо нақшаро комил карданд?
Кристалина Георгиева: “Таассуротамон аз Тоҷикистон хеле мусбат аст”
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста