Субҳи 24-уми ноябр бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Оренбурги Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва боз як нафари дигар бистарии бемористон шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуоти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод.
Садама тақрибан соати 06:10 дар километри 15-уми шоҳроҳи Оренбург - Акбулак рух дода, автомашинаи боркаш (фура) ба микроавтобуси Hyundai бархӯрдааст.
Дар натиҷа 6 нафар ҳалок шудаанд, аз ҷумла, як кӯдаки 6-сола. Боз се нафар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон будаанд, ки ба Ватан бармегаштаанд.
“Муайян карда шуд, ки дар ин садама ду шаҳрванди Тоҷикистон – Фирӯзи Аҳмад (с/т 1993) ва Маликзода Ҳусниддини Мирзомурод (с/т 1992) ҳалок шудаанд. Шаҳрванди дигари Тоҷикистон – Исматов Шаҳбоз Иззатуллоевич (с/т 1994) дар бемористон бистарӣ шудааст. Фавтидагон ва ҷароҳатбардошта ҳама зодагони ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода мебошанд”, - хабар дод ӯ.
Ба гуфтаи Аҳмадов, айни замон ҷиҳати ба зодгоҳ фиристодани ҷасадҳои ҳалокшудагон тадбирҳо андешида мешавад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти прокуратураи минақавӣ, садама бар асари ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромадани микроавтобус рух додааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста