Кӯдаки сесола, сокини деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ рӯзи 8-уми декабр зери чархи мошин ҳалок шуд.
ВКД хабар медиҳад, ки ин ҳодиса дар роҳи мошингарди Восеъ - Темурмалик рух дод.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Ширинбек Ғафурови 27-сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Темурмалик-Восеъ”, дар баромадгоҳи деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Усмон Хушвахтови 3-соларо пахш кардааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷа писараки хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Айни замон ҳолатҳои рух додани ҳодиса таҳқиқ мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Нақшаи даъвати баҳорӣ 90% иҷро шуд. Кадом вилоятҳо нақшаро комил карданд?
Кристалина Георгиева: “Таассуротамон аз Тоҷикистон хеле мусбат аст”
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста