Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ҳушдор медиҳад, ки шабонарӯзи оянда дар як қатор ноҳияҳои ҷанубии кишвар ва навоҳии тобеъи марказ шамоли бошиддат ба амал меояд.

Зимнан суръати вазиши бод аз 15 то 20 метр дар як сония хоҳад шуд. Маъмулан ин гуна вазъ метавонад сабабгори сар задани тӯфон аз чангу ғубор шавад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ба шахсони гирифтори бемориҳои дилу рагҳо, қанд, фишори баланди хун таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд.

Кумита ҳамчунин ба ронандагон ва кӯҳгардон ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат аз маконе ба ҷойи дигар қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя карда, аз сангрезиши эҳтимолӣ ҳушёр бошанд.

Тавсияҳои КҲФ дар чунин рӯзҳо

• Бештар бояд об нӯшид, ҳатто на камтар аз 2 – 2,5 литр дар як рӯз ва ба қадри имкон то 0,5 литр оби минералӣ.

• То имкон деред, тирезаҳои хонаҳоятонро пӯшида нигоҳ доред. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин ҳолат дар соатҳои аввали субҳ аст. Ин замонест, ки моддаҳои ҳалношудаву муаллақ дар фазои атроф мутамарказ мешавад. Наздики нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва ин ҳама модаҳои муаллақи ҳалношуда зери фишори  дамои гарм ба боло меравад. Дар ин ҳолат метавон тирезаи бозро бо дока ва ё тӯр пӯшонд, вале фаромӯш накунед, ки он бояд дар ҳолати намӣ нигоҳ дошта шавад.

• Дар хона бояд рӯбучини намнок гузаронед, талош кунед ҳавои он ҳамеша тоза бошад.

• Дар ин гуна рӯзҳо духтурон ба хотири мушкилот барои чашмон истифодаи ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд. Чашмонатонро ҳам эҳтиёт кунед.

Онҳое, ки бемории диққи нафас ва ё касалиҳои шуш доранд, тавсия дода мешавад:

- меъёри доруҳои мавриди истеъмолро кам накунед;

- ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошед;

- агар талабот ба истифодаи ингляторҳо аз 4 то 6 маротиба дар рӯз беш шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат кунед.

Инчунин дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулодда шумо метавонед бо телефони 112 ва ё ба Қисми навбатдории КҲФ бо шумораҳои 223-13-11, 93 880 28 19 муроҷиат кунед.

Рақамҳои дигар:

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

225-44-73, 225-44-76, 225-44-90.

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор

(83139) 2-60-74, 2-60-45.

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон

 (83222) 2-35-05, 2-78-28.

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Кӯлоб

(83322) 2-36-60, 2-34-73.

Раёсати КҲФ дар ВМКБ

(83522) 2-40-57, 2-53-47.

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд

 (83422) 6-58-72, 5-15-55.