Сокинони ноҳияи Ванҷ ду наврасро, ки ҳангоми шиноварӣ ғарқ шуданд, наҷот доданд. Аммо як ноболиғ дар роҳ ба бемористон фавтида, дуюмӣ бистарӣ карда шуд.
Бино ба иттилои КҲФ, ин ҳодиса 14-уми июл дар ҳавзе воқеъ дар деҳаи Пайшанбеободи ноҳияи Ванҷ рух дод. Наврасони 12 асол, ки бе роҳбаладии калонсолон дар ҳавз машғули оббозӣ буданд, ногаҳон ғарқ шуданд. Аҳолии деҳа сари вақт ба ёрӣ расида, ҳар дуро зинда аз об берун оварданд ва ба бемористони ноҳиявӣ интиқол доданд. Яке то расидан ба бемористон ҷон дода, дуюмӣ ҳоло муолиҷа мешавад.
Зарфи 6 моҳи сипаришуда дар Тоҷикистон 34 кас ҳангоми оббозӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ғарқ шуданд, ки 10 нафари онҳо аз 4 то 16 сол доштанд.
Кумита ҳамчунин хабар додааст, ки духтари 14-сола аз деҳаи Обшорони ноҳияи Ҳисор ҳангоми оташ гирондани балони гази табиӣ бадани худро сӯзондааст. Ин амал аз беэҳтиётӣ сар зада, ҷараёни ҳодиса маълум нест.
Ноболиғро фавран ба бемористон бурданд ва баъд аз муоина духтурон гуфтанд, ки то 55 дарсади баданаш сӯхтааст. Ҳоло ӯ дар беморхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе бистарист.
Гуфта мешавад, ки ин чорумин ноболиғи ҷабрдида дар ду рӯз аст, ки бар асари беэҳтиётӣ ва беназоратии волидон талхии ҳаёт мечашад.
Ҳамчунин раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки як писари 17-сола аз деҳаи Пушти Қурғони Панҷакент рӯзи 13-уми июл дар мавзеъи Обисанг чорво мечаронд, вале баногаҳ бедарак шуд. Рӯзи 14-уми июл ҷасади ӯ пайдо гардида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.
Табибон баъд аз муоина маълум карданд, ки ин наврасро раъду барқ куштааст ва нишони ин ҳолат дар бадани ӯ аён буд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ аз кулли волидон хоҳиш кардааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд, корҳои хатарнокро ба ноболиғон насупоранд ва онҳоро нагузоранд, ки ба танҳоӣ кӯҳу дара ва ё оббозӣ раванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста