Давоми шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон аз ҷониби навбатдорони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ду ҳодисаи садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, ҳодисаи аввал шабона дар километри 80-уми роҳи мошингарди мавзеи деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ рух дода, автомашинаи тамғаи Старекс, ки аз ҷониби сокини сисолаи деҳаи Поймазор идора мешуд, дучори садама шудааст.
“Ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст, - қад мешавад дар маълумоти Кумита. - Дар садама Қурбон Шарипови 17-сола, сокини деҳаи Ғиҷоваст дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Гуфта мешавад, дар ҳодисаи садамаи нақлиёти дигар дар километри 81-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар мавзеи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ ронандаи автомашинаи Мersedes Benz Аюбхӯҷа Ҳошимови 25-сола, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, он ба канори роҳ бармехӯрад ва ба ҷарии 150 метр сарозер мешавад.
Дар натиҷа ронанда ва мусофири мошин дар ҷойи ҳодиса ҳалок мешаванд. Наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ҷасади ронанда ва мусофири онро аз дохили автомашина бароварда, ба мақомотҳои дахлдор супориданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагон боисрор дархост мекунад, ки реҷаи суръат ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста