Дар ноҳияҳоиАшт, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Истаравшан ва Панҷакенти вилояти Суғд марказҳои ташхиси бемории коронавирус ташкил хоҳад шуд.
Ин тавофуқ рӯзи гузашта зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷабой Аҳмадзода бо намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Бахтигул Карраева ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Самараддин Ализода ҳосил шудааст.
Сухангӯи раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов ба “Азия-плюс” гуфт, дар назар аст, ки марказҳои ташхиси коронавирус дар ин ноҳияҳо то охири сол ба баҳрабардорӣ супурда шаванд.
“Масъалаи таъмини бино аз ҷониби ҳукумати вилоят ҳал гардида, таҷҳизоту лавозимот ва таъмини кадрҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дастгирӣ карда мешаванд”- гуфт манбаъ.
Бояд гуфт, ки то имрӯз танҳо дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд чунин ташхисгоҳ мавҷуд асту халос.
Бино ба гуфтаи сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода ноҳияҳои Ашт, Ғафуров, Исфара, Панҷакент, Истаравшан ва Панҷакент аз минтақаҳои осебпазир дар ин вилоят маҳсуб мешаванд, аз ин хотир дар ин ноҳияҳо чунин марказҳо таъсис дода мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста