Рӯзи 13-уми апрел сокинони деҳаи Зартеғии шаҳри Левакант аз пайдо шудани боз як ҷасад дар баландии бештар аз 2000 метр хабар доданд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дастаи махсуси наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ҳамроҳ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, ҷасадро аз баландӣ, бо роҳҳои душворгузари кӯҳӣ, ки ҳудудан 6 километр масофа буд, поин овардаанд.

Қобили зикр аст, ки як рӯз пеш имдодгарон аз ҳамон мавзеъ ҷасади як духтари 16-соларо поин оварда буданд.

“Ба назар мерасад ин ду ҳамшираанд, ки ба кадом сабабе кӯҳ рафтаву ҳалок шудаанд, - омадааст дар маълумоти Кумита. - Он чи маълум аст, ин ду тан се моҳ пеш бенишон шуда буданду пайвандонашон меҷустанд”.

Зикр мегардад, ки дар бораи сабабҳои ин ҳодиса ҳанӯз маълумоти дақиқ дар даст нест. Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Левакант парванда боз кардаву тафтиш мекунад. Ду фарзияи он - куштор ё худкушӣ баррасӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.