Мадина Мамадҷонова, баъди сеюним моҳӣ беҳушӣ дар беморхонаи Қарияи Боло даргузашт. Даргузашти ӯро вакили мудофеяш Оқил Сангов ба "Азия-Плюс" таъйид кард.
Ба гуфтаи Сангов, Мадина ним соат пеш даргузашт ва ҷасадаш то ҳол дар бемористон аст.
Даргузашти Мадина дар ҳолест, ки дирӯз Додгоҳи олӣ Парвиз (Лутфулло) Давлатов яке аз гумонбарони қазияи “паврвандаи Мадина”-ро ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора яке аз наздикони ӯ ба “Азия- Плюс” хабар дода буд.
“Ӯро додгоҳ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста ба 8 соли зиндон ҳукм кард. Аммо бар асоси татбиқи шудани Қонуни афви моҳи сентябр ҳукми ӯ то 5 солу 4 моҳ кам карда шуд”, - гуфт манбаъ.
Пештар хабар дода шуда буд, ки нисбати ӯ бо се моддаи Кодекси ҷонятии ҶТ - "азобу уқубат", "бисёрзанӣ", "расонидан ба худкушӣ" параванда боз шудааст. Додситонии куллии Тоҷикистон ҳам дар як посухи катбӣ ба "Азия-Плюс" таъйид карда буд, ки алайҳи ӯ бо се моддаи кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, муҳокимаи гумонбари асосии латукӯби Мадина Мамадҷонова ҳамсари Парвиз - Азиза Давлатова идома дорад ва ҳукми додгоҳ содир нашудааст. Алайҳи Азиза Давлатова танҳо бо як моддаи кодекси ҷиноятӣ - сӯйиқасд ба худкушӣ парванда боз шуда буд, ки акнун баъди даргузашти Мадина, эҳтимол дорад ба моддаи куштор иваз шавад.
“Қазияи Мадина”
Қазияи Мадина Маҳмадҷонова, ки сеюним моҳ дар кома ё ҳолати беҳушӣ қарор дошт, яке аз парвандаҳои пурсарусадо дар як соли охир ба шумор меравад, ки ба он раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳ карда буданд.
Мадина Мамадҷонова 25 августи соли равон ғайб зада, баъди 14 соат бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфта буд. Пизишкон гуфта буданд, ки эҳтимол ӯро нафасгир кардаанд ва аз нарасидани ҳаво мағзи сараш осеб дидааст.
Охири моҳи октбяр фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба унвони раиси шаҳри Душанбе, додситони кулл ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиатнома навишта, хостори одилона тафтиш шудани парвандаи Мадина шуда буданданд.
Рустами Эмомалӣ «парвандаи Мадина»-ро таҳти назорати шахсӣ гирифта, бо дастури ӯ Додситонии кул ва Вазорати умури дохила ба санҷиши дубораи ҳолати кор оғоз карданд.
Рӯзи 1 ноябри соли равон Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дод, ки нисбати Азиза Давлатова ва шавҳараш Лутфулло Давлатов, ки ба латукӯби Мадина Мамаҷонова гумонбар дониста мешаванд, парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Аввалӣ барои қасди одамкушӣ ва дуввумӣ барои азобу уқубат ба ҳабс гирифта шуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста