Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд як модари 26-сола писарчаи ҳанӯз яксола ношудаи худро дар гаҳвора нафасгир карда куштааст. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ин ҷавонзан ба далели ин ки робитааш бо марди дигарро аз шавҳараш пинҳон кунад, фарзанди аз марди дигар таваллудкардаашро бӯғӣ карда ба ҳалокат мерасонад.
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд дар як навори видеоӣ, аз ин зан Мутриба Розиқова, сокини 26-солаи шаҳри Хуҷанд ном бурда, мегӯяд, ки ӯ ба ҷурми одамкушӣ муттаҳам мешавад.
Манбаъ мегӯяд, ин ҷавонзан, "23-уми апрели имсол бо мақсади пинҳон кардани хиёнат ба шавҳар фарзанди аз марди дигар таваллуд кардаашро бо роҳи маҷбурӣ ба ҳалокат расонидааст. Писарчаи хурдсоли ӯ, бояд 26-уми майи имсол 1-сола мешуд, вале дар гаҳвора аз дасти модари худ кушта шудааст.
“Маълумот дар бораи ҷиноят замоне ба мақомоти таҳқиқу тафтишот дастрас гардид, ки кӯдаки солим ба таври ногаҳонӣ ба ҳалокат мерасад. Ва пайвандони бе ин ҳам ба рафтори келини хонадон шубҳа дошта ба табиӣ будани марги хурдсол бовар намекунанд. Зимни коркардҳои оперативӣ ва амалҳои тафтишии мақомоти милитсия ва прокуратура ҳақиқат доштани ин гумонро ошкор намуданд. То ин ки айби модари ҷавон пинҳон монад тавассути доштани роҳи нафас хурдсол дар дохили гаҳвора аз панҷаи дасти модари худ ба таври маҷбурӣ ба ҳалокат расонида мешавад. Ин фарзияест, ки тафтишоти пешакӣ тасдиқ менамояд”,-гуфта мешавад дар навори видеоии Раёсати умури дохилӣ.
Ҷавонзани дар куштори кӯдаки хурдсоли худ гумонбаршаванда низ, дар ин навор назди дурбини камера иқрор шудааст, ки “аз тарс ба ҳамин ҷиноят даст задам”.
Мақомоти додситонии шаҳри Хуҷанд нисбати ин ҳодиса аз рӯйи моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардаааст.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста