Ба иттилои манбаъ, рӯзи 15-уми ноябр тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи мусофиркаши тамғаи “Мерседес Спринтер”, Асадулло Ҷабборови 56 – сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Назаршоев, дар назди маркази савдои “Садбарг” фосилаи зарурии паҳлӯи тарафи ростро риоя накарда, ба тарафи чапи автомашинаи мусофиркашонии тамғаи “Мерседес Спринтер”, таҳти идораи ронанда Ёқуб Ҷамилови 27-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки дар як самт ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, Ёқуб Ҷамилов, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Мерседес Спринтер” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи мошингард баромада, ба сутуни чароғаки роҳнамо ва аломати роҳ бармехӯрад.

“Дар натиҷа, сутуни ҷароғаки роҳнамо шикаста ба болои сари пиёдагарди ноболиғ, Иброҳим Азимови 7-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки дар пайраҳаи пиёдагардон меистод, афтодааст” – шарҳ додааст манбаъ.

Ноболиғ Иброҳим Азимов бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол меёбад, аммо баъдан ба ҳалокат мерасад.

Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.