Шаби 7 ба 8-уми декабр се узви як хонавода, модари 42-сола ва 2 духтари 21 ва 3-солааш бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҳалок шуданд.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҳодисаи фоҷеабор дар маҳаллаи "Хуҷамбиёи поён"-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рух додааст.

Гуфта мешавад, бухорие, ки ҷойи дудбарояш пӯшида аст, манбаи ихроҷи гази карбон мешавад ва ба заҳролудшавӣ мерасонад.

Сурат: Кадр аз навори видеои Радиои Озодӣ

“Соҳибони бухорӣ бо бовари он, ки сӯзишвории он комилан сӯхтааст, барои сарфаи гармӣ дудбароро мебанданд.  Ангиштҳои сӯзонда бо нарасидани ҳаво оксиди карбонро ба вуҷуд меоранд ё худ дуд карда, хонаро пахш мекунанд”, - менависад манбаъ.

Ҷиҳати фавти модар ва ду фарзандаш Кумита ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон изҳори тасаллият намуда, бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат карда, онҳоро аз пешгирии хатар ҳушдор медиҳад.

Ҳамасола бо фарорасии мавсими сармо сокинони деҳоти Тоҷикистон хонаҳои худро бо ангишт гарм мекунанд. Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифода аз ин сӯзишворӣ бисёр вақт бо фоҷеа меанҷомад.

Дар ҳолати заҳролуд шудан аз дуди ангишт дар аввал сарчашмаи дудбароиро хомӯш кардан лозим аст. Сипас тирезаҳоро кушода, мошини ёрии таъҷилиро даъват кардан зарур мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.