Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бар асари дар ҳолати мастӣ идора кардани автомашина як наврас ҳалок шуд.

Тавре ки Раёстаи ВКД дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, Шуҳрат Холматови 42-сола, сокини деҳаи Амвоҷи ҳамин ноҳия автомашинаи Opel Astra-и падарашро бидуни доштани шаҳодатномаи ронандагӣ идора мекардааст.

“Ҳамчунин ӯ дар ҳолати мастӣ қарор дошта, дар натиҷа аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт намебарояд ва автомашина чаппа мешавад. Бар асари он писари 16-солааш, хонандаи синфи 9-ум, ки дар дохили автомашина қарор дошт, ҳалок мешавад”, - иттилоъ медиҳад Раёсат.

Худи Шуҳрат Холматов аз садамаи нақлиёт осеб надида, айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Нисбати ӯ мутобиқи моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар қисми дуюми моддаи мазкур барои кирдоре, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гаштааст, аз 3 то 5 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян  ё машғул шудан бо фаъолияти муайян  ба муҳлати то 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки тафтишот аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.