Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди президенти ҶТ дар вилояти Хатлон зимни санҷиши фаъолияти Ҷамъмяти саҳомии шакли кушоди (ҶСШК) «Пахтаи Кӯлоб» исрофкории аз ҳад зиёд ва изофанависии кормандони масъули онро ошкор сохтанд.
Роҳбари дафтари матбуоти агентӣ Шарифбек Шарифов иттилоъ дод, ки ҳангоми баргузории тафтишот кормандони агентӣ дар тӯли солҳои 2005-2007 изофанависии қабули пахтаи вуҷуднадоштаро аз хоҷагиҳои пахтакор ошкор сохтаанд, ки ба ин амал мудири анбор Нурмуҳаммад Одинаев ва молшиносон Ҳабибулло Мирзоев ва Искандар Гиёев гумонбар дониста мешаванд. Аз ин амали онҳо ба давлат дар ҳаҷми 1 млн. 195 ҳазору 905 сомонӣ хисорот ворид гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни баррасии парвандаи ҷиноии оғозгардида, ба буҷаи давлат 55 ҳазор сомонӣ аз ин маблағ баргардонида шудааст.
«Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад», - афзуд Ш.Шарифов.
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста