Кӯлоб. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Шоми дирӯз додситонии минтақавии Кӯлоб ба ҳабси мудири кафедраи забони англисии факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Шариф Муродов иҷозат дод.

Муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи аввал Алфаттоҳ Розиқов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки Ш.Муродовро ҳангоми гирифтани пора аз довталабе ба миқдори $800 кормандони минтақавии Агентии назораи давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт намудаанд.

Ба гуфтаи муовини додситон, зимни баргузории амалиёти фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ аз боздоштшуда боз $2,5 ҳазор маблағ дарёфт гардид. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.