Кӯлоб. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Додситонии минтақавии Кӯлоб ба ҳабси муовини раиси ҷамоати Деҳбаланди ноҳияи Мӯъминобод Ҳайдар Раҳимов иҷозат дод.
Муовини додситони вилояти Хатлон дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи аввал Алфаттоҳ Розиқов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки нисбат ба боздоштшуда аз рӯи амалҳои ҷой доштани ҷиноят тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.
Ба гуфтаи додситон, Ҳ.Раҳимов ба ивази 1,2 ҳазор доллари амрикоӣ ба яке аз сокинони ҷамоат ҷудо кардани қитъаи заминро ваъда додааст.
«Сокини ҷамоат, ки бо ҳар роҳу восита мехост соҳиби қитъаи замин шавад, огоҳ набуд, ки муовини раиси ҷамоат чунин салоҳият надорад, - идома дод сарчашма. -Чун пешпардохт ӯ ба Ҳ.Раҳимов 400 доллари амрикоӣ медиҳад, вале дар мӯҳлати муқарраргашта қарори ҷудо намудани қитъаи заминро ба ӯ намедиҳанд ва ҷабрдида маҷбур мешавад, ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд».
А.Розиқов ҳамчунин зикр кард, ки тафтишот ба зиммаи шӯъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи минтақаи Кӯлоб вогузор гаштааст.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста