Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Интизор меравад, ки имрӯз дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии парвандаи ҷиноии қотилони рӯзноманигори рус Илёс Шурпоев аз нав оғоз мегардад. Ёдрас мекунем, ки 18-уми июл, дар мурофиаи нахустин бо дархости ҳимоятгарон баррасии парванда мавқуф гузошта шуда буд.
Ҳимоятгарони айбдоршудагон Наим Бердиев ва Одил Ёрбеков ин дархостро чунин шарҳ доданд, ки маводи парвандаи ҷиноӣ аз чаҳор ҷилд (беш аз 300 саҳифа) иборат буда, онҳо фурсат пайдо накардаанд, ки бо он шинос шаванд. «Ман танҳо ҳамин рӯз ба ҳимоят пардохтам, - гуфт О.Ёрбеков дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс». - Дар парванда баъзе ҷузъиёти хос ҷой доранд, ки омӯзиши дақиқи онҳо зарур аст, то аз ҷиҳати ҳуқуқӣ хулосаи дуруст бароварда шавад.
«Гап сари он аст, ки дар ҷараёни тафтиш Ятимов қисман ба гуноҳаш иқрор шудааст, аммо Муҳиддинов дар ягон ҳодиса худро гунаҳкор намеҳисобад, - идома дод ҳимоятгар. - Аз ин рӯ, ман бар ин назарам, ки мурофиа кашол хоҳад ёфт».
Мурофиа кушод буда, бо забони русӣ мегузарад ва дар он рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ иштиок карда метавонанд. Ба мурофиаи додгоҳӣ судяи Додгоҳи Олии ҶТ Шӯҳрат Азимов раисӣ мекунад. Айбдоркунандаи давлатӣ намояндаи Прокуратураи генералии ҶТ Азимҷон Абдуев аст.
Хешовандони рӯзноманигори марҳум ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба мурофиа ҳозир нашуданд.
Ёдрас мекунем, ки хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия Илёс Шурпоев 21-уми марти соли равон дар манзили зисти иҷораааш дар шимолу шарқии Маскав кушта шуд. Мақомоти тафтишотии Русия дарҳол дар содир намудани ин ҷиноят даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддиновро ошкор сохтанд, ки ҳамагӣ як рӯз баъд аз қатли Шӯрпоев тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон фирор кардаанд.
Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 29-уми март ба шаҳри Душанбе омада, дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни тоҷик худи ҳамон рӯз нафарони гумонбаршударо боздошт карданд. Ҳангоми тафтиш аз онҳо далелҳои шайъӣ - 150 ҳазор рубли русӣ, соати тиллоии хабарнигори марҳум, ноутбук ва телефони мобилӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Гумонбаршудагон даст доштани худро ба содир намудани ин ҷиноят комилан эътироф карданд. Гумонбаршудаи асосӣ М.Ятимов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бегона нест. Ӯ соли 2005 ба гумони даст доштан дар дуздӣ дар мавзеи Железнодорожнии Русия маҳкум ба зиндон гардидааст ва тобистони соли 2007 пеш аз мӯҳлат аз маҳбас озод шуда буд.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста