Хуҷанд. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Мудири шӯъбаи сохтмон ва меъмории ҳукумати шаҳри
Истаравшан Ҳафиз Ҷумъаев ҳангоми порагирӣ дастгир карда шуд. Аз дафтари матбуоти Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, ки Ҳ.Ҷумъаев ҳангоми маротибаи дуввум гирифтани 1,5 ҳазор доллари амрикоӣ аз шаҳрванд барои ҷудо намудани қитъаи замин дастгир карда шудааст.
«Ӯ маротибаи аввал аз шаҳрвнанд ҳамин миқдор маблағ гирифта, ваъда медиҳад, ки ба ӯ қитъаи замин ҷудо мекунад, вале бо баҳонаҳои зиёде асноди онро омода насохта, боз 1,5 ҳзор доллари амрикоӣ талаб мекунад ва зимни гирифтани он дастгир карда мешавад», - гуфт сарчашма. Шаҳрванди порадода ба мақомот хабар медиҳад ва зимни баргузории амалиёти фавриву ҷустуҷӯӣ Ҳ.Ҷумъаев боздошт шуда, ба ҳабс гирифта мешавад.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон муайян шуд
Русия дар Тоҷикистон истеҳсоли дорувориро ба роҳ монданист
Арзиши эстакада дар Душанбе қариб ба 28,5 млн евро баробар аст
Рустами Эмомалӣ дар робита ба ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ ба ҳамтои эронии худ барқияи таслият ирсол кард
Абдунабӣ Сатторзода: Лоиқро ба ҳарду майдон даъват мекарданд, аммо ӯ ёри на “Шаҳидон” ва на “Озодӣ” буд
Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш изҳори ҳамдардӣ кард
Тайи 10 сол Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 3,8 млрд доллар сармоягузорӣ кард
Хисороти боришоти шадиди рӯзҳои ахир дар кишвар
Тотористон ронандагон ва муҳандисони тоҷикро ба кор ҷалб кардан мехоҳад
Хадамоти алоқа: ширкатҳои мобилӣ дар се моҳ беш аз 1 млрд сомонӣ даромад ба даст овардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста