Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Айни замон ҷаласаи даҳуми муштараки
ҳайати мушовараи вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистону Русия ба кор шурӯъ кард.
Аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа масоили муҳими ҳамкории дуҷонибаи сохторҳои тафтишотии вазоратҳо дар бобати ошкор сохтан ва баргузории тафтиши ҷиноёти марбут ба гурӯҳҳои байнулмилалии ҷинояткор мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Ба иттилои сарчашма, роҳбарони вазоратҳо масоили таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони тоҷикро, ки дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, муҳокима хоҳанд кард. Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа вазирони умури дохилии кишварҳо Маҳмадназар Солеҳов ва Рашид Нургалиев як қатор аснод оид ба ҳамкориҳоро ба имзо хоҳанд расонд. Дар ҷаласа имзои ду созишномаи байниидоравӣ оид ба масоили муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ ва ҷустуҷӯву ошкор кардани ҷинояткорони дар таҳти пайгарди ин кишварҳо қарор дошта ва ҳамчунин пайдо кардани нафарони бедарак гумшуда дар назар аст.
Ба ҳайати Русия ба ҷуз вазир ҳамчунин муовини ӯ Аркадий Еделев, котиб ва мушовир Николай Овчинников, директори Хадамоти федералии муҳоҷират Константин Ромадановский, сардори кумитаи тафтишотии назди Вазорати умури дохилии Русия Алексей Аничин, муовини аввали сардори Департаменти мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва терроризм Юрий Коков ва дигарон шомил мебошанд.
Вазорати адлия Шаҳбози Аброрро раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон эътироф кардааст
Аз Алӣ Лориҷонӣ то Саид Ҷалилӣ. Сабти номзадҳо ба мақоми раёсҷумҳури Эрон оғоз гардид
Тоҷикистону Чин маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнокро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд
“Роҳ ба сӯи Тиён-Шон”: дар Тоҷикистон рушди роҳҳои мошингард баррасӣ шуд
ВКД сабаби ҳодисаи марбут ба зани 23-соларо, ки аз ошёнаи 5-ум дар Кӯлоб афтод, шарҳ дод
Чаро Тоҷикистон дар безараргардонии фурӯзонакҳои каммасраф муваффақ нашуд?
“Воридот ва фурӯши сатру либоси сиёҳ манъ аст”. Ин ба кори фурӯшандагон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Бар зидди писари раиси бозори Ёвон парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҷузъиёти кордзании хонандагон
Боришот зиёдтар мешавад: обуҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон
“Худам шоҳу табъам вазир?”. Мансабдороне, ки парвои интиқод надоранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста