Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 4 тоннаву 98 кило маводи мухаддирро мусодира карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 фоиз зиёдтар мебошад.

Аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз миқдори умумии маводи мухаддири мусодирашуда 1 тоннаву 266 килояш маводи сахттаъсири ҳероин, 1,5 тоннааш афюн ва 1 тоннаву 330 килояш маводи нашъаовари каннабис мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, дар нимсолаи аввал кормандони агентӣ аз 60 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуда, 1 тоннаву 61 кило маводи нашъаоварро мусодира карданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 88 фоиз бештар аст.