Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Додситони кулли Тоҷикистон баррасии даъвои корманди собиқи радиои «Озодӣ» Сайёфи Мизробро аз болои ин радио рад кард ва аз рӯи ин даъво парвандаи ҷиноӣ боз нахоҳад кард. Дар ин бора роҳбари бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» Қудратулло Шаҳидӣ хабар дод.

«Қарори додситонии кулл бори дигар собит месозад, ки радиои «Озодӣ» дар инъикоси рӯйдодҳои Тоҷикистон ба таври касбӣ ва воқеъбинона рафтор намудааст», - гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзноманигор Сайёфи Мизроб, ки ахиран дар бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» фаъолият дошт, моҳи июли соли равон аз болои ин радио ба додситонии кулли Тоҷикистон оид ба нақзи ҳуқуқҳояш аризаи даъвогӣ пешниҳод сохт. С.Мизроб даъво дошт, ки дар ин радио дар тӯли чанд соли ахир тамоми амалҳои ҳукумат истеҳзоомез, таҳрифомез мунъакис мегаштанд.