Душанбе. 15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар минтақаи шарқи Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиётӣ се нафар ба ҳалокат расид.

Мувофиқи маълумоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ, дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ронандаи автомашинаи борбардори «КАМАЗ-53-20» Давлат Бӯриев дар километри 34-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини сабукрави «ВАЗ-21-06»-и Ҷалолиддин Табаров бармехӯрад.

«Бар асари бархӯрд ронандаи автомашинаи сабукрав ва ду нафар мусофирони он дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд», - изҳор дошт манбаъ.

Ба гуфтаи намояндаи Вазорати умури дохилӣ, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.