Душанбе. 23-уми сентябр - Як гурӯҳи сарҳадчиёни нерӯҳои марзбонии кишвар дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир боздошт шуданд. Боздошти муҷримон аз ҷониби кормандони бахши дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон будаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон бо анҷоми як амалиёти густурда сурат гирифтааст.
Ба таъйиди Муҳаммадалӣ Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин сарҳадбонон дар воҳиди низомии 21/13-и Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хидмат мекарданд. Ба қавли манбаъ, аз марзбонони боздоштшуда
Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи М. Асадуллоев, алайҳи ин низомиён парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст ва корҳои фаврии ҷустуҷӯӣ ба манзури ошкор кардани нафарони дигари ҳамроҳи муҷримони боздоштгардида идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, ба далели халал наёфтани ҷараёни тафтишот дар вазорати мазкур аз бурдани ному насаби афроди гумонбар дар ҷиноят худдорӣ карданд. Танҳо тасдиқ мешавад, ки як нафари боздоштшудаҳо афсар буда, ду узви муҷрими таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошта фирор кардаанд.
Бар тибқи иттиллоъи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар пайи анҷоми амалиёти фаврӣ се марзбони қисми мазкури ҳарбӣ бо гумони нигаҳдории ғайриқонунии маводди мухаддир муттаҳам ва боздошт шудаанд.
Тайи 10 сол Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 3,8 млрд доллар сармоягузорӣ кард
Хисороти боришоти шадиди рӯзҳои ахир дар кишвар
Тотористон ронандагон ва муҳандисони тоҷикро ба кор ҷалб кардан мехоҳад
Хадамоти алоқа: ширкатҳои мобилӣ дар се моҳ беш аз 1 млрд сомонӣ даромад ба даст овардаанд
Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш ба ҳалокат расидаанд. Ноиби раиси ҷумҳури Эрон ин хабарро расман тасдиқ кард
Чархболи суқуткардаи Иброҳим Раисӣ пайдо шуд, аммо тақдири ӯ ва ҳамроҳонаш норӯшан аст
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста