Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Мурофиъаи додгоҳии масъулони ширкати «Холид Музаффар» дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба анҷом расид.
Ин додгоҳ масъулони ширкати мазкур Назаршо Ҳақназаров, раис, Фазлиддин Ақлиддинов, муовин, ва Таваралӣ Кассиров, корманди онро, бо иттиҳоми суиистифода аз мақоми хидматӣ, қаллобӣ , таҳияи асноди ҷаълӣ, муъомилоти ғайримуҷоз бо асъори хориҷӣ ва соҳибкории ғайриқонунӣ муҷрим шинохта, ба давраҳои тӯлонӣ (аз 12 то 13,5 сол) аз озодӣ маҳрум кардааст.
Ширкати байнулмилалии ҷаҳонгардии «Холид Музаффар» дар маросими ҳаҷҷи соли 2007 эълон карда буд, ки омода аст бар ивази пардохти 2500 доллари амрикоӣ шаҳрвандонро ба зиёрати хонаи худо нойил кунад. Пас аз ин 700 шаҳрванд, ки ин маблағро ба ширкати мазкур пардохта буданд, бо гузашти мӯҳлати ҳаҷравӣ аз ин зиёрат бенасиб монданд.
Аз ин миён 60 каси онҳо, ки натавонистанд пулҳои худро бозпас бигиранд, барои ёрӣ ба мақомоти тафтишот муроҷиъат карданд.
Мақомоти тафтишотии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар асоси шикояти даъвогарон алайҳи масъулони ин ширкат, аз ҷумла раис, муовин ва як ходими он, кори ҷиноӣ оғоз карда, ба таҳқиқи қазия мепардозад. Тафтишот бо анҷоми баррасии парвандаи Назаршо Ҳақназаров, Фазлиддин Ақлиддинов ва Таваралӣ Касиров онҳоро бо бандҳои гуногуни қонуни кайфарӣ (аз ҷумла бо иттиҳоми сӯистифода аз мақоми хидматӣ, қаллобӣ, сохтакорӣ дар таҳияи аснод ва соҳибкории ғайриқонунӣ) айбдор карда, ҷиҳати муҳокима ва таъйини ҷазо ба додгоҳ иросол намуд.
Зубайдулло Маҳмудов, додраси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки муҳокимаи парвандаи ҷиноии мазкурро ба анҷом расонидааст, гуфт раванди додгоҳӣ исбот кардааст, ки ин афрод даст ба чанд қонуншиканӣ зада, беш аз 150 000 доллари шаҳрвандонро аз они худ кардаанд.
Оқои Маҳмудова афзуд, ки, дар асоси ҳукми додгоҳ, ин афрод мӯҳлати ҷазои худро дар зиндони низомаш сангин сипарӣ намуда, ҳамчунин маболағи афроди фиребхӯрда аз ҳисоби онҳо рӯёнида хоҳад шуд.
Аммо масъулони ширкати «Холид Музаффар» ва вакилони дифоъи онҳо ба дурустии ҳукми додгоҳ шубҳа доранд. Яке аз вакилони дифоъи онҳо Сайидакрам Умаров гуфт, ки ҳукми мазкурро дар додгоҳи болоӣ ба баҳс хоҳад кашид, зеро ӯ ва нафарони таҳти ҳимояташ ҳукмро мунсифона намеҳисобанд ва дар ин бора додгоҳро низ воқиф карданд.
Зимнан, масъулияти гуселу қабули зойирони тоҷикистонии хонаи худоро аз соли 2005 бад-ин сӯ танҳо мақомоти давлатӣ ба ӯҳда доранд – ширкат ва ё корхонае дигар, ки мехоҳад ин корро анҷом диҳад, бояд иҷозатномаи хосси мақомотро дошта бошад, ки, воқиъан, ширкати «Холид Музаффар» онро надоштааст.
Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш ба ҳалокат расидаанд. Ноиби раиси ҷумҳури Эрон ин хабарро расман тасдиқ кард
Чархболи суқуткардаи Иброҳим Раисӣ пайдо шуд, аммо тақдири ӯ ва ҳамроҳонаш норӯшан аст
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста