Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - С ардори раёсати минтақавии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки амнияти президент зимни сафари корӣ ба водии Рашт сад дарсад таъмин хоҳад гардид.

Ёдовар мешавем, ки с убҳи имрӯз дар назди бинои Раёсати Вазорати умури дохилӣ оид ба мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт гирдиҳамоии ғайриқонунӣ баргузор шуд. Тақрибан 60-70 нафар занони ноҳия назди бино ҷамъ омада, аз сардори ин раёсат, полковники милиса Мирзохӯҷа Аҳмадов талаб карданд, ки силоҳи ғайриқонунӣ нигаҳдоштаашро ба ҳукуматдорон супорад.  

            Дар мавриди шарҳи ин қазия М.Аҳмадов таъкид сохт, ки воқеъан ҳам занони ҷамъомада супоридани силоҳҳои ғайриқонуниро талаб карданд, вале на аслиҳаи ӯ, балки яроқи ба аҳолии минтақа тааалуқдоштаро. «Онҳо модарони мо мебошанд ва кафолати амниятро хоҳонанд, аз ин рӯ, мо онҳоро дастгирӣ менамоем», - гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, 2-уми феврали соли 2008 дар шаҳраки Ғарм миёни гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати дохилӣ   ва шӯъбаи мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили ноҳияи Рашт задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шуда, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко кушта шуда буд.

Ба гуфтаи М.Аҳмадов, феълан мухолифатҳои пешин мавҷуд нестанд. «Айни замон дар минтақа намояндагони воломақоми ниҳодҳои қудратии ҷумҳурӣ ҳузур доранд, ки амнияти президентро зимни сафар ба водии Рашт таъмин хоҳанд кард ва ман низ чун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия тамоми имконоти мавҷударо истифода бурда, кӯшиш ба харҷ хоҳам дод, ки ба сафари сарвари давлат ҳеҷ хатаре таҳдид накунад», - изҳор дошт М.Аҳмадов.