Душанбе. 6-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сайёри Пленуми Додгоҳи иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки мақомоти олии ҳайати мушовараи он маҳсуб мегардад, баргузор шуд. Пленум таҳти раёсати роҳбари Додгоҳи иқтисодии ИДМ, раиси Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон Файзулло Абдуллоев доир гашт.

Аз Додгоҳи иқтисодии ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар пленум масоили ҷараёни ислоҳоти фаъолияти Додгоҳи иқтисодии ИДМ, татбиқи амалии Консепсияи минбаъдаи рушди ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳои асосии он, ки бо қарори сарони кишварҳои узви иттиҳод аз 5-уми октябри соли 2007 қабул шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокдорони пленум пешниҳоди Додгоҳи иқтисодии ИДМ дар бораи созмон додани Маркази ҳамкории муштараки иттилоотиву ҳуқуқии мақомоти додгоҳии ИДМ-ро маъқул шумориданд.