Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - «Аз эълон шудани моратория ба санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна аз 25-уми июли соли ҷорӣ шумори кормандони «Тоҷикстандарт» кам нашудааст», - изҳор дошт дар нишасти матбуотӣ директории Агентии «Тоҷикстандарт» Давлаталӣ Ҳотамов.

            Ба қавли ӯ, то қабули моратория дар ҷумҳурӣ ҳодисаҳои санҷиши беасоси фаъолияти корхонаҳои бахши соҳибкории хурду миёна рӯ ба афзоиш ниҳода буданд. «Ман боварӣ дорам, ки ташаббуси зоҳиркардаи президенти кишвар ба ин ҳодисаҳо хотима хоҳад бахшид», - гуфт ӯ ва афзуд, ки феълан санҷишҳо барои баҳогузорӣ ба мол бо дархости худи соҳибкорон гузаронида мешаванд.

            Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои сарчашмаи мӯътамади ОИ «Азия-Плюс», аз 1-уми август қисме аз кормандони нозироти савдои агентӣ ба мӯҳлати номуайян ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд.