Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Маскав ҷинояткореро, ки чанде қабл ду мусофири таксӣ - шаҳрвандони Тоҷикистонро паррондааст, ҷутуҷӯ мекунанд. Ҳодиса дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, дар буриши кӯчаҳои Профсоюзная ва Бутлеров ба вуқӯъ пайвастааст.

Тибқи иттилои рсонаҳои хабарии Русия, дар мошини навъи «Волга» зану мард - шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доштаанд ва аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ҷинояткор, ки аз рӯи намуди зоҳириаш ба сокини Осиёи Марказӣ шабаоҳат доштааст, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.