Душанбе. 17-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Вазири умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов дар кори ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ширкат хоҳад варзид.

Аз маркази матбуоти вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки иштирокдорони мулоқот масоили андешидани чораҳои муштарак бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ, тақвияти мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ ва нақшаи амалиёти муштарак дар мубориза бо дигар ҷиноятҳои муташаккилро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.