Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар нишасти хабарӣ вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадназар Солеҳов изҳор дошт, ки тайи чанд соли ахир дар бузургтарини бозори шаҳри Душанбе - «Корвон» 9 ҳодисаи сӯхтор рух додааст.

Ба қавли ӯ, дар аксари мавориди сар задани сӯхтор дар бозорҳо соҳибкорон гунаҳкоранд, зеро аз дастгоҳу таҷхизоти барқӣ дуруст истифода намебаранд ва риояи қоидаҳои зиддисӯхторро нодида мегиранд.

«Дар ҳамин ҳол, риоя накардани қоидаҳои зиддисӯхтор фарзияи асосии сар задани сӯхтори ахирӣ дар бозори «Корвон» дониста мешавад ва феълан дар он ҷо гурӯҳи фаврии тафтишотӣ оид ба муайян кардани иллати аслии сар задани сӯхтор корҳои тафтишотӣ мебарад», - гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати хадамоти давлатии сӯхторнишонии Тоҷикистон Маҳмадсаид Каримов хабар дод, ки айни замон дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт се гурӯҳи тафтишотӣ ҷиҳати мушаххас кардани сабаби аслии сар задани сӯхтор корҳои фавриву тафтишотӣ мегузаронанд. Ба гуфтаи М.Каримов, аз оғози соли равон дар Тоҷикистон 841 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 25 нафар ҳалок гардида, маблағи хисороти моддӣ ба беш аз 2 млн. 808 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.