Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ ду махфигоҳи аслиҳаи оташфишон ошкор гардид.

Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, яке аз ин махфигоҳҳо дар водии Варзави ноҳияи Дарвоз воқеъ буда, аз он милтиқи кӯтоҳ, туфанча, 3 норинҷаки навъи Ф-1, 6 тирдони автомати Калашников ва 860 дона тир дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, махфигоҳи дигар дар қаламрави шаҳраки Шаҳринави ноҳияи Тавилдара ошкор шуд. «Дар ин махфигоҳ автомати Калашников бо ду тирдонаш, милтиқи кӯтоҳ, муҳимоти норинҷакафкан, силсилаи пулемёт ва ғайра пинҳон шуда буд», - гуфт манбаъ.

Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз оғози сол дар кишвар 250 адад силоҳи оташфишон мусодира гардид.