Кӯлоб. 14-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Маркази назорати санитариву эпидемиологии минтақаи Кӯлоб 707 иншооти таъиноти гуногун ҷиҳати ҷавобгӯ будан ба талабот мавриди санҷиш қарор гирифт.

            Тавре сардухтури давлатии санитарии минтақа Саид Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар 82 маврид ба намояндагони марказ лозим омад, ки оид ба риоя накардани талаботи санитариву гигиенӣ аснод тартиб диҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, 70 шахсони воқеиву ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи санитариву эпидемиологӣ ба маблағи умумии 10 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ гардиданд. «Фаъолияти 18 иншоот, асосан муассисаҳои хӯроки умумӣ ва як бозор то бартараф сохтани камбудиҳо ва ҷорӣ сохтани тартиботи зарурӣ манъ карда шуд», - афзуд С.Давлатов.