Душанбе. 26-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Мувофиқи гузориши маҷаллаи маъруфи « Forbes », Тоҷикистон аз рӯи сатҳи ришвахорӣ миёни 126 кишвари дорои муҳити мусоиди роҳандозии тиҷорат мақоми 11-умро ишғол мекунад.

            Тибқи маълумоти маҷалла, кишвари аз ҳама бештар ба фасод ғӯтаваршуда Чад мебошад. Ҷойҳои дуввум, саввум ва чаҳорумро кишварҳои Зимбабве, Камбоҷа ва Қирғизистон ишғол мекунанд.

            Бурунди, Гамбия, Венесуэла ва Озарбойҷон дар мақоми аз 5 то 9-ум қарор доранд. Русия, Сурия, Бангладеш, Кения ва Қазоқистон дар зинаҳои аз 13 то 17-ум ҷойгир шудаанд.

            Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Украина дар зинаи 20, Молдавия -36, Арманистон - 37 ва Гурҷистон дар мақоми 72-ум аст.