Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар ВМБК зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар мавзеи роҳи мошингарди Душанбе-Ош пинҳонгоҳеро бо миқдори зиёди маводи мухаддир ва як автомати Калашников бо муҳимоташ ошкор сохтанд.

Чӣ тавре ки аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, маводи мухаддири мусодирашуда ҳашиш буда, вазни он ба 26,5 кило баробар аст.

Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, феълан ҷиҳати муайян сохтани соҳиби маводи мухаддир ва силоҳ корҳои тафтишотӣ анҷом дода мешаванд.