Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров бо ҳайати Комиссияи ИМА оид ба баҳогузорӣ ба татбиқи барномаҳои пурсамар ва мақсадноки кӯмаки ин давлат дар бахши таҳкими марзҳо доир гардид.

            Чӣ тавре ки аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқот аз самараи фаъолияти агентӣ ва масоили ҳамоҳангии он бо мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд.

            Ба гуфтаи манбаъ, ба ҳайати Амрико дар бораи вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ, чораҳои андешидаи ҳукумат дар ин самт ва фаъолияти мақомоти салоҳиятдори кишвар дар бахши мубориза алайҳи қочоқ ва фурӯши маводи нашъаовар маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.