Душанбе. 31-юми март. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз зимни баргузории мизи мудаввар бахшида ба қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ва инъикоси он дар ВАО-и ИДМ сардори ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Фахриддин Ҷонмаҳмадов изҳор дошт, ки ахиран дар васоити ахбори умуми Русия бо истинод ба Хадамоти федеролии назорати маводи ншъаовари ФР силсилаи мақолаҳое интишор гаштанд, ки муаллифони он вазъи мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистонро ғаразомез шарҳ медиҳанд ва он ба воқеияти мавҷуда дуруст намеояд. «Дар бораи гӯё тӯли як шабонарӯз марзи Афғонистону Тоҷикистонро убур кардани 300 мошини боркаш ва дар ҳар мошини дуввуми он мавҷуд будани маводи мухаддирро бардурӯғ интишор месозанд ва ҳол он ки дар ҳарду самти ин марз шабонарӯзӣ ҳамагӣ 15-20 мошин мегузарад ва он ҳам пас аз санҷиши дақиқи гумрукчиёну марзбонон», - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Ҷонмаҳмадов, дар муддати фаъолияти пули асосии васлкунандаи Афғонистону Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ҳамагӣ як ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ошкор карда шудааст.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар мизи мудаввар иштьрок доштанд, аз он изҳори ташвиш намуданд, ки тибқи маълумоти расонаҳои хабарии Русия, гӯё 60 дарсади маводи мухаддир ба Русия тавассути Тоҷикистон интиқол дода мешаваду «пас аз хурӯҷи марзбонони русиягӣ аз Тоҷикистон вазъ муташанниҷ гардидааст». Ҷонмаҳмадов гуфт, агар соли 2005, яъне замони мустақар будани марзбонони рус дар Тоҷикистон каме бештар аз 4,6 тонна маводи мухаддир мусодира шуда бошад, пас солҳои ахир ин нишондиҳанда ба зиёда аз 6 тонна баробар шудааст.

Дар навбати худ муовини вазири умури хориҷии ҶТ Шариф Назаров зикр кард, ки мушкилоти Тоҷикистон дар он аст, ки кишвар яке аз роҳҳои асосии транзити маводи мухаддири афғонӣ ба Русия ва давлатҳои Ғарб боқӣ мемонад. «Аксари ВАО-и Русия дар зеҳни хонандаи рус андешаеро талқин месозанд, ки дар он тоҷик бо маводи мухаддир нисбат дода шудааст, ҳарчанд дар ин тиҷорати ғайриқонунӣ натанҳо тоҷикон даст доранд», - гуфт ӯ.

Дар фарҷоми мизи мудаввар рӯзноманигорон ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод сохтанд, ки зимни сафарҳояшон ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Русия, брифингу нишастҳои матбуотӣ доир сохта, вазъи воқеии мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи ҳкумат дар ин самтро шарҳ бидиҳанд.