Душанбе. 6-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон мурофиаи додгоҳии   Сӯҳроб Лангариев, бародари хурди Лангарӣ Лангариев шурӯъ шуд. Лангарӣ Лангариев дар замони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз роҳбарони Фронти Халқии Тоҷикистон буд.

            Чӣ тавре ки котиби матбуотии Додгоҳи Олии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Юсуфов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, Сӯҳроб Лангариев ба даст доштан дар содир намудани ҷиноёти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори ниҳоят зиёд, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ, муқобилияти мусаллаҳона ба ҳукумат ва дигар ҷиноятҳо гунаҳкор дониста мешавад. «Мурофиа пӯшида буда, таҳти раёсати муовини раиси Додгоҳи Олии ҶТ Зафар Азизов дар боздоштгоҳи муваққатии тафтишотиии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баргузор мешавад», - гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти КДАМ-и ҶТ, Сӯҳроб Лангариеви 29-сола 27-уми май зимни баргузории амалиёти махсус дар шаҳри Кӯлоб, дар хонааш боздошт шудааст. Ӯ ба яке аз шабакаҳои трасмиллии интиқоли маводи мухаддир дар Тоҷикистон роҳбарӣ мекард.  

Бино ба иттилои манбаъ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пас аз тафтиши якчанд ҳодисаҳои убури ғайриқонунии сарҳад бо мақсади паҳн кардан ва фурӯши маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон, аз пайи ҷустуҷӯи С.Лангариев шуданд. Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки дар марзи Афғонистону Тоҷикистон аз ҳисоби шаҳрвандони ҳарду кишвар гурӯҳи трансмиллии қочоқчиёни маводи мухаддир фаъолият дошт. Яке аз чунин шабакаҳои интиқоли маводи мухаддирро маҳз Сӯхроб Лангариев роҳбарӣ мекард, ки аз соли 2002 барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт.

Ба ҷуз Сӯҳроб Лангариев, дар манзили зисти ӯ ҳамчунин боз чанд нафари дигар ҳамроҳони ӯ, аз ҷумла писари яке аз пешвоёни Фронти халқии Тоҷикистон Сангак Сафаров – Нурмаҳмад Сафарови 22-сола ва якчанд шаҳрванди Афғонистон низ   боздошт шуда буданд.