Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар нишасти хабарӣ муовини додситони кулли ҶТ Абдусамеъ Додобоев ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Додситонии кулл тафтиши парвандаи ҷиноии қатли фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) Олег Захарченкоро дубора шурӯъ кардааст. «Рӯзҳои наздик оид ба парвандаи мазкур қарори ниҳоӣ қабул карда хоҳад шуд», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, 2-уми феврали соли 2008 дар шаҳраки Ғарм миёни гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати дохилӣ
ва шӯъбаи мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили ноҳияи Рашт задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шуда, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко кушта шуд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар сардори раёсати минтақавии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба даст доштан дар ин ҷиноят гумонбар медонистанд.
Дар ҳамин ҳол, 3-уми октябр бо фармони вазири умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт барҳам дода шуд. Ҳамаи кормандони раёсати мазкур, ки ба он полковники милиса Мирзохӯҷа Аҳмадов роҳбарӣ мекард, силоҳҳояшонро ба мақомот супориданд. Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» М.Аҳмадов изҳор дошта буд, ки пас аз мулоқот бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба чунин қарор омадаанд. «Мо 14 адад аслиҳаи оташфишон супоридем ва акнун ҷои кори минбаъдаи моро Раёсати кадрҳои вазорат ҳал хоҳад кард», - гуфта буд ӯ. Феълан М.Аҳмадов бо корҳои хоҷагидорӣ машғул аст.
Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш изҳори ҳамдардӣ кард
Тайи 10 сол Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 3,8 млрд доллар сармоягузорӣ кард
Хисороти боришоти шадиди рӯзҳои ахир дар кишвар
Тотористон ронандагон ва муҳандисони тоҷикро ба кор ҷалб кардан мехоҳад
Хадамоти алоқа: ширкатҳои мобилӣ дар се моҳ беш аз 1 млрд сомонӣ даромад ба даст овардаанд
Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш ба ҳалокат расидаанд. Ноиби раиси ҷумҳури Эрон ин хабарро расман тасдиқ кард
Чархболи суқуткардаи Иброҳим Раисӣ пайдо шуд, аммо тақдири ӯ ва ҳамроҳонаш норӯшан аст
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста