Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - «Зарари расонидаи оператори миллии алоқаи «Тоҷиктелеком» ба давлат дар натиҷаи истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ ҳудуди 3 млн. сомонӣ ё қариб 770 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», - изҳор дошт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сарвари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Шерхон Салимзода.

Ба гуфтаи ӯ, аз ин миқдор то имрӯз аллакай 60 дарсадаш ба буҷаи ҷумҳурӣ бозпас гардонида шуда, қисмате аз онро чанде аз кормандон ғайриқонунӣ ба харидории манзили зист масраф сохтаанд. «Маблағи умумии масрафгардида ба харидории амволи ғайриманқул ба 640 ҳазор сомонӣ баробар аст», - зикр намуд ӯ ва афзуд, ки ҳамчунин «Тоҷиктелеком» воситаҳои нақлиёти қаблан истифодашударо бо арзиши ниҳоят гарон харидорӣ кардааст.