Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз дар оташдонҳои корхонаи «Тоҷиктекстилмаш» аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати умури дохилии ҶТ беш аз 506 кило маводи мухаддир сӯзонида шуд.

            Чӣ тавре ки аз Вазоарти умури дохилӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар оташдонҳо зиёда аз 79 кило ҳероин, 119 кило афюн ва 307 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабис нобуд карда шуд.

«Ин маводи мухаддири нобудгардида дар 118 парвандаи ҷиноӣ чун далели шайъӣ истифода бурда шуда, ҳалномаҳои додгоҳӣ оид ба онҳо ба ҳукми қонунӣ даромадааст», - гуфт манбаъ ва афзуд, ки аз рӯи ин парвандаҳо 137 нафар маҳкум гардидаанд, ки 6 нафарашон шаҳрвандони Афғонистон мебошанд.