Душанбе. 6-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Ғорати мағозаи «Вохӯрӣ» дар қисмати ҷанубу шарқии пойтахт, ки рӯзи 27-уми апрел сурат гирифта буд, аз ҷониби фурӯшандаи «ҷабрдида» ва бародари ӯ сохтакорӣ шудааст.

Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ, баҳри азхуд кардани 4 ҳазор доллари ИМА, ки ба соҳиби мағоза тааллуқ дошт, фурӯшандаи мағоза бо бародари худ забон як карда, ғорати шабонаро сохтакорӣ мекунанд. «Бародари фурӯшанда дастҳои ӯро баста, сипас ба бародари калонӣ занг мезанад, ки мағоза ғорат шудааст, - гуфт манбаъ. - Субҳи рӯзи дигар онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, ки ғоратгарон шабона бо таҳдиди истифодаи силоҳ калиди сейфро аз онҳо гирифта, 4 ҳазор доллари дар он бударо ба яғмо бурданд».

Аз рӯи ин далел нисбат ба аъмоли бародарон Акбарҷон ва Охунҷон Маҳмадҷоновҳо тибқи моддаи 346, қ.2-и КҶ ҶТ (маълумоти пешакии бардурӯғ) парвандаи ҷиноӣ боз гардид.