Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Кормандони раёсати фаврии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон зимни як амалиёти муваффақона дар шаҳри Душанбе 2 кило маводи мухаддири сахттаъсири героинро мусодира карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, дар қаламрави корхонаи «Ширин»-и пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 30-солаи ноҳияи Қумсангир боздошт шуда, ҳангоми кофтукови шахсии ӯ 2 кило маводи нашъаовари героин дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Зимни бозпурсиҳои аввал маълум шудааст, ки боздоштшуда қаблан ба фурӯши меваю сабзавот дар бозори пойтахт машғул буда, сипас бо як шаҳрванди Афғонистон шинос мешавад. Баҳри ба даст овардани пули муфт аз шаҳрванди Афғонистон як миқдор героин харида, ба Русия раҳсипор мешавад. Дар Русия ӯ дар бораи бо нархи баланд фурӯхтани маводи дар Душанбе пинҳонкардаашро бо харидор гапзанон карда, ба Душанбе бармегардад. Ӯ ният дошт, ки маводи дар махфигоҳ пинҳонкардаашро рӯзи 14-уми июл тавассути ҳавопаймо ба Русия интиқол диҳад, вале ба дасти кормандони агентӣ афтод.

Айни замон ҷиҳати муайян кардани афроди дигари дар ин ҷиноят дастдошта тадбирҳо андешида шуда, дар шӯъбаи тафтишотии агентӣ нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 200, қ.4-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи 6 моҳи соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз ним тонна маводи мухаддирро мусодира карданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 40% зиёдтар аст.